АКСУ ВИДЕО: Сӯхтори 5 ҳавлӣ ва дафтари “Нигоҳ” дар маркази Душанбе
Нилуфари КАРИМНисфирӯзи 2-юми апрел як хонаи истиқоматиро дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ, дар маркази Душанбе оташ фаро гирифт, ки дар як муддати кӯтоҳ ба ҳавлиҳои ҳамсоя гузашта хисороти моддӣ расондааст.
Дар қатори зарардидагон аз сӯхтор аз ҷумла дафтари кории ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва хабаргузории “ТоҷNews” низ ҳаст.
Фариддуни Раҳнавард, сармуҳаррири “ТоҷNews” ба “Озодагон” гуфт, оташ ба дафтари корияшон аз ҳавлии ҳамсоя гузашта, боми ошхонаи дафтарашон сӯхтааст: “Мо сӯхторро дида, ба оташнишонҳо занг задем. Онҳо баъди ҳафт дақиқа ҳозир шуданд.”
Ба гуфтаи мусоҳиби мо дар як муддати кӯтоҳ оташ ба ҳамсояҳои дигар гузашт ва дар натиҷа 5 ҳавлӣ аз ин сӯхтор зарар диданд: “Оташнишонҳо касбӣ кор карданд. Барои кори оташнишонҳо тамошобинон, ки дар макони ҳодиса зиёд ҷамъ шуда буданд, халал мерасонданд. Бо вуҷуди ин то соати 14:30 дақиқа оташро пурра хомӯш карданд.”
Хабарнигори “Озодагон” низ аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки бо ҷалби 7 мошини сӯхторхомӯшкунӣ феълан оташ пурра хомӯш шуда, омилҳо ва хисороти он мавриди баррасӣ қарор доранд. Хабарнигори "Озодагон" аз қавли сокинони ин маҳалла гуфт, дар маҷмуъ 5 ҳавлӣ зимни ин сӯхтор зарар диданд. Ӯ мегӯяд, ба ҷои ҳодиса ду мошини ёрии таъҷилии тиббӣ низ ҳозир шудаанд, аммо ягон нафар аз бошандагони хонаҳо осеби ҷисмонӣ нагирифтааст.