«Air Baltic», ширкати ҳавопаймоии Латвия тасмим гирифтааст, ки парвозҳои худро аз Рига ба Душанбе боздорад.
Дар ин бора Янис Вагнас-муовини раиси ширкати мазкур ба хабаргузории «REGNUM» иттилоъ додааст. Бино ба қавли ҷаноби Вагнас охирин парвоз дар ин хатсайри ҳавоӣ рӯзи 14-уми август сурат гирифтааст. Регниум ба такя ба манбаи хабар менависад, дар тирамоҳу зимистон шумораи мусофирон дар ин хатти сайр коҳиш меёбад ва ширкат наметавонад ба онҳо билетҳои арзон пешкаш кунад. Ҳоло масъалаи дубора аз сар гирифтани ин парвозҳо дар баҳори соли оянда баррасӣ мешавад.
Маврид ба тазаккур аст, ки ширкати «Air Baltic» баҳори соли 2009 парвозҳояшро ба Душанбе шурӯъ кард, вале тирамоҳи ҳамон сол парвозҳояшро боздошт. Ба қавли мусофирони ин хатсайр, арзонтарин билети тайёраро дар ин ширкат дастрас кардан мумкин буд, зеро парвоз аз Рига ба ҳар давлати дигари аврупоӣ арзиши камтар дошт.{jathumbnail off}