Убайдуллоев миёни эҷодкорон озмун эълон кардааст: Ҷоиза-50 000 сомонӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани 90-солагии пойтахт миёни эҷодкорон озмуни «Эҷодиёти илҳомбахш» эълон кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе озмун бо мақсади эҷоди асарҳои назмиву насрӣ, барномаҳои радиоиву телевизионӣ, сенарияи баргузории намоиши театришуда ва фоторепортажҳо эълон шуда, аз 1 апрел то 1 июни соли 2014 гузаронида мешавад.
Ба иттилои манбаъ Убайдуллоев ба муҳосиботи шаҳрдорӣ дастур додааст, ки аз ҳисоби фонди захиравии раиси Душанбе барои қадрдонии ғолибон 50 000 сомонӣ ҷудо намояд.
Раиси Душанбе назорати иҷрои қарори мазкурро ба дӯши ноибаш Руқия Қурбонова вогузор намудааст.