Раиси тозатаъини Убайдуллоев ва пешравиҳо дар “Саховат”
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба далели вазъи бади молиявии бозори “Саховат” раиси он, Ҳаким Каримовро аз мақомаш барканор карда, ба ҷои ӯ Халил Бобоевро таъин кардааст.
Ин нуқтаро дар суҳбат бо “Озодагон” Сайфулло Амонов, сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои Душанбе таъйид карда, афзуд: “Таҳлилҳои аввали соли равон нишон доданд, ки бозори Саховат дар вазъи бади молиявӣ қарор дорад. Муайян шуд, ки бозор аз барқ, андоз ва дигар ниҳодҳо беш аз 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ қарздор аст.”
Амонов таъкид намуд, ки бо назардошти ин омилҳо раиси шаҳр мудирияти бозори Саховатро иваз кард. Ба гуфтаи Амонов дар аҳди раиси нав-Халил Бобоев баъзе пешравиҳо аллакай мушоҳида мешаванд: “Танҳо қарздорӣ аз барқ, ки аввали соли равон 190 ҳазор сомонӣ буд, ҳозир то ба 90 ҳазор сомонӣ кам шудааст. Аллакай 100 ҳазор сомонӣ ҳаққи барқро пардохт кардаанд.”
“Саховат” аз ҷумлаи калонтарин бозорҳои шаҳри Душанбе мебошад, ки ба моликияти коммуналии шаҳрдорӣ ворид мешавад.