Ҳукми пулҳои аз роҳ ёфта аз нигоҳи Эшони Нуриддин
Эшони Нӯриддин, руҳонии маъруфи тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо ҳукми моли ёфтшударо аз нигоҳи Ислом шарҳ дода, мегӯяд, танҳо баъд аз як соли пайдо нашудани соҳибаш метавон онро истифода кард.
Ин руҳонии маъруфи тоҷик дар посух ба суоли корбари торнамои Turajon.org гуфтааст, “агар баъди як сол соҳиби маблағ пайдо нашуду Шумо муҳтоҷед, метавонед онро барои худ сарф кунед ё ба фақирон диҳед.”
Ба гуфтаи ӯ, ин гуна молро бояд давоми як сол муаррифӣ кард, то соҳибаш пайдо шавад. “агар маблағи зиёд бошад, ки одатан соҳиби пул суроғи маблағаш мегардад пас дар ин ҳолат он маблағ ҳукми моли гумшударо мегирад. Ҳукми моли гумшуда инаст, ки он маблағро Шумо ба миқдори як сол муъаррифӣ мекунед то соҳибаш пайдо шавад.”
Ба гуфтаи Эшони Нуриддин, агар маблағи ёфтшуда ночиз бошад, ки ба эҳтимоли қавӣ соҳибаш дунболи он нахоҳад гашт, Ислом ба истифодаи он иҷоза додааст: “Агар маблағи ёфтаи шумо маблағи ночиз бошад, ки соҳибаш суроғи он намеояд, мисли 3 ё 5 сум пас шумо метавонед он маблағро барои худ истифода баред.”