Истиқболи Кабирӣ аз пирӯзии ҳизби Эрдуғон дар интихоботи Туркия
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба унвони Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, ӯ ва ҷонибдорони Ҳизби адолат ва тараққиёти ин кишваро барои пирӯзӣ дар интихоботи маҳаллӣ табрик гуфтааст.
Дар номаи раиси ҲНИТ ба Эрдуғон, аз ҷумла омадааст, “Пирӯзии қотеъ дар аксари кулли манотиқи кишвар натиҷаи эътимоди мардуми Туркия ба Шумо ва ҳизбест, ки сарварии онро ба душ доред ва дар натиҷаи хидматҳои холисона ба миллат ба даст омадааст.”
Муҳиддин Кабирӣ дар идома гуфтааст, Туркия тайи солҳои охир зери раҳбарии Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба як кишвари муосиру пешрафта табдил ёфтааст, ки умеди мардуми минтақаро барои расидан ба ҷомеа ва давлати демократӣ бештар кардааст. “Ҳизби Адолат ва Тарақиёт барои ҳама исбот намуд, ки як неруйи миллии ватандӯст, метавонад дар асоси арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ кишвари худро ба дастовардҳои хубе бирасонад.”- таъкид кардааст, ӯ.
Кабирӣ дар охир хостори идомаи ҳамкории ҲНИТ бо Ҳизби адолат ва тараққиёти Туркия шуда, гуфтааст, ин ҳамкориҳо ба нафъи Анқара ва Душанбе хоҳад буд.
Дар интихоботи маҳаллии рӯзи 30 марти Туркия Ҳизби адолат ва тараққиёт, ки раҳбарии онро Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири ин кишвар бардӯш дорад, тавонист, аксари раъйҳоро ба даст орад.