АКС: Оғози сафари кории Раҳмон ба Суғд ва парчамбардорӣ дар пояи 55-метрӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 2-юми апрел бо сафари корӣ озими вилояти Суғд шуд.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, ки боздиди корӣ аз шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт: “Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон нахуст парчами Тоҷикистон бар пояи баландиаш 55 метрӣ дар Хуҷанд парафшон карда шуд. Атрофи парчампоя ва роҳравҳо бо санги ороишии гранити сурх ва фаввораҳои зебо оро ёфтааст.”
Манбаъ афзуд, ки барои бунёди ин парчампоя ва ободонии атрофи он бо 3,5 миллион сомонӣ харҷ шуда, дарозӣ ва паҳнои худи парчам 7х14 метр аст.
Эмомалӣ Раҳмон зимни дар ин маросим мардуми вилояти Суғдро бо ифтитоҳи боз як нуқтаи фарҳангӣ ва тамошоҷойи рӯҳнавоз табрик гуфта, ба рӯзҳои Наврӯзи хуҷаста рост омадани ин рӯйдоди фараҳбахшро фоли нек номид.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон меафзояд, ки бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳри Хуҷанд инчунин маркази таълимию истеҳсолии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзии Зинат бо ҳазор ҷойи корӣ, як корхонаи коркарди шир бо 50 ҷойи корӣ ва меҳмонхонаи чорситорагии Хуҷанд Делюк бо 46 кати хоб мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.