Парлумони Украина халъи силоҳи гуруҳҳои мусаллаҳро хост
Парлумон ё Радаи Олии Украина дар ҷаласаи рӯзи 1 апрели худ хостори халъи силоҳи тамоми гуруҳҳои эътирозгар шуд.
Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои расонаҳо субҳи имрӯз миллатгароҳои “Правий сектор” аслиҳаи худро ба замин гузошта, аз меҳмонсарои “Днепр” дар маркази Киев берун шудаанд.
Нақши “Правий сектор”-ро дар барканории Виктор Янукович калидӣ медонанд. Аммо баъд аз куштори Сашко Билий, яке аз пешвоёнаш, гуруҳ бо ҳукумати нави Украина вориди низоъ шуд.