М.Горбачёв: Дмитрий Медведев аллакай Путинро мағлуб кардааст
Михаил Горбачёв, президенти нахустин ва охирини СССР дар изҳороти ахири худ гуфтааст, ки аз номзадии Дмитрий Медведев, раисҷумҳури вақти Русия, дар интихоботи соли 2012 истиқбол ва ҷонибдорӣ хоҳад кард.
Михаил Горбачев, ки дар як нишасти хабарӣ сўҳбат мекард, изҳор намуд, ки Медведев тавонист навгониҳо ва модернизатсияи ҷиддиеро дар кишвар роҳандозӣ намояд ва интихоби ўро барои 6 соли роҳбарии баъди интихоби беҳтарин хоҳад буд. Гузашта аз ин ба андешаи Горбачев «Медведев аллакай бозиро бо Путин бурда, ўро гул задааст, ки Путин инро интизор надоштааст».
Ва аммо Горбачев чун дафъаҳои пешин аз сиёсат ва рафторҳои сарвазири Русия Владимир Путин интиқоди шадид карда, ҳамчунин нобовариашро дар қиболи сиёсати Медеведев пинҳон накардааст. Путинро бошад, ин навбат ба авҷ додани сиёсати худкомагӣ дар кишвар ва карахтии ҳукуматаш муттаҳам карда, гуфтааст «барои кишвар барномаи чадиде, аммо «бе путинӣ» зарур аст». {jathumbnail off}