Маҳрум шудани Мавзуна Чориева аз иштирок дар сабқати Варшава
Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаи байналмилалии бокс дар шаҳри Варшаваи Полша маҳрум шудааст.
Мирзо Шамсиев, мураббии Мавзуна Чориева, имрӯз, 1 апрел дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, шогирдаш дар вазни 60 кило бояд дар ин мусобиқа қувваозмоӣ мекард, вале аз сабаби пур шудани ҷой дар ин вазн, Мавзуна дигар имкони ширкат дар ин мусобиқаро надорад. Ба қавли Шамсиев, ин мусобиқа аз 9 то 13 апрел баргузор мегардад ва онҳо 25 марти соли равон ба Полша барои иштироки Мавзуна дар ин мусобиқа мактуб ирсол намуда буданд: “Вале аз Федератсия бокси Полша дар ҷавоб мактуб омад, ки 16 ҷое, ки дар вазни 60 кило миёни духтарон пешбинӣ шудааст, аллакй дар моҳи январ-феврал пур шудаанд. Мо бисёр мехостем, ки Мавзуна дар ин мусобиқа ширкат намуда, қувваозмоӣ кунад”.
Худи Мавзуна Чориева низ дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро таъйид карда, афзуд, ки дар пеш қаҳрамонии Осиё аст ва барои он омодагӣ мебинад.
Ин дар ҳолест, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон хабар дод, ки 4 апрел дар Варшава, пойтахти Полша дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс иштироки ду муштазани шинохтаи тоҷик- Мазуна Чориева ва Анвар Юнусов дар назар аст. Аммо Анвар Юнусов изҳор дошт, ки дар мусобиқа иштирок хоҳад кард.