Ҳушдори ФФТ ба "Равшан", “Энергетик”, “Парвоз” ва ССКА “Помир”
23-юмин мусобиқаи Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки қарор буд 5 апрел оғоз шавад ба вақти дигар гузошта шудааст.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон чемпионати мазкур 12 апрел шурӯъ хоҳад шуд. Далели ин таъхирро манбаъ, дар сари вақт пардохт накардани маблағи дархост аз ҷониби клубҳои “Энергетик” (Душанбе), “Далерон-Уротеппа” (Истаравшан), “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров), “Равшан” (Кӯлоб) ва ССКА “Помир (Душанбе) ва таҳия нашудани асноди зарурии тимҳо барои ширкат дар мусобиқа рабт дод.
Кумитаи иҷроияи ФФТ муҳлати ниҳойии пешниҳоди маблағҳоро 9 апрел муайян кардааст. “Кумитаи иҷроия раҳбарияти клубҳои “Энергетик”, “Далерон-Уротеппа”, “Парвоз”, “Равшан” ва ССКА “Помир”-ро ҳушдор дод, ки дар сурати сари вақт пардохт накардани маблағ ва таҳияи ҳуҷҷатҳо дастаҳо ба чемпионат роҳ дода намешаванд”,-афзуд манбаъ.