Густариши ҳамкориҳо бо ҷаҳони Араб дар меҳвари мулоқотҳои Аслов
Сироҷидин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва шоҳзода Сауд ал-Файсал, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ масоили густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намудаанд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо ҳамтои худ бо таваҷҷӯҳ ба имконияту зарфиятҳои густурдаи ҳамкории ду кишвар, омодагӣ ва рағбати худро ба тавсеаи бештари муносибатҳои дуҷониба дар заминаҳои мухталиф баён карданд.
Дар ин мулоқот Ёддошти тафоҳум дар бораи ройзаниҳои дуҷонибаи сиёсӣ миёни вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расидааст.
Манбаъ мегӯяд, Сироҷиддин Аслов дар доираи ин сафараш ичунин бо Аҳмад Муҳаммад Алӣ, раиси Бонки Исломӣ мулоқот намуда, се ҳадафи муҳими кишвар- расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти нақлиётӣ ва таъмини амнияти ғизоиро матраҳ кардааст.
Инчунин Аслов бо вазири рушди иқтисоди Арабистони Саудӣ Муҳаммад-ал-Ҷосир масъалаи густариши ҳамкориро дар соҳаи энергетика, кишоварзӣ ва тиҷорат баррасӣ карда, хостори таваҷҷуҳи бештари бахши хусусии ин кишвар ба Тоҷикистон шудааст.