Кӯлоб: Қарз аз истифодаи нерӯи барқ ба 20 миллион сомонӣ баробар гардид
Дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб қарзи истифодабарандагони нерӯи барқ ба 19-миллиону 615-ҳазор сомонӣ баробар шудааст.
Аз ин шумора, аҳолӣ зиёда аз 15-миллион сомонӣ ҳақи барқи истифодашударо насупоридаанд. Дар ин бора ба «Озодагон» Набӣ Илёсов, муовини директории ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» хабар дод. Ҷаноби Илёсов гуфт, агарчӣ қисмати зиёди қарздорӣ аз солҳои гузашта ҷамъ шуда меояд, аммо имсол ҳам муштариён ба маблағи зиёде дар супоридани ҳақи неруи барқ коҳилӣ кардаанд. Аз аввали сол инҷониб қарзи аҳолӣ 3-миллиону 56-ҳазор сомонӣ ва ташкилоту корхонаҳо 3-миллиону 254-ҳазор сомониро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, ташкилоту корхонаҳое ҳастанд, ки дар мавриди пардохти ҳақи барқ бепарвоанд. Ба унвони мисол, корхонаи «Хишти Кӯлоб» наздики 35-ҳазор сомонӣ, корхонаи пахтатозакунии «Зарҳам»-11-ҳазор сомонӣ, ҶСК «Суғдиён»-19-ҳазор сомонӣ, ҶСК «Телеком»-21-ҳазор сомонӣ, «Гази Хоҷасартез»-14.5-ҳазор сомонӣ, КСМ-12 20-ҳазор сомонӣ ва ғайра. Ҳамчунин, ташкилотҳои соҳаи буҷавӣ низ аз шабакаҳои барқ ба миқдори зиёд ҳақи барқи истифодашудро насупоридаву қарздор мондаанд. Дар ҳамин ҳол, ташкилотҳои буҷавии шаҳрӣ беш аз 57-ҳазор сомонӣ, вилоятӣ наздик ба 35-ҳазор сомонӣ ва ҷумҳуриявӣ зиёда аз 10-ҳазор сомонӣ ҳақи барқро насупоридаанд, агарчӣ масъулини шабакаҳои барқ борҳо дар мавриди пардохти неруи барқ муроҷиат карда бошанд ҳам.
Тибқи хабари манбаъ, идораи «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» зиёда аз 10-ташкилоту корхонаро бо ҷурми саркашӣ аз пардохти ҳақи барқ ба прокуратура додаанд. Илёсов мегӯяд, боз наздики 20-корхона, инчунин сокинонеро, ки аз 100-сомонӣ зиёд қарздор мебошанд, бо ҳамин ҷурм ба прокуратура доданианд.{jathumbnail off}