Додгоҳи Олӣ ҳукми 26 соли зиндони Зайд Саидовро бозбинӣ мекунад (ВИДЕО)
Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти кассатсионии вакилони Зайд Саидовро, аз болои ҳукми 26-соли зиндон барои зерҳимояашон дарёфт карда, рӯзи 15-уми апрел мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони Зайд Саидов хабар дода, афзуд, ки баррасии шикояти кассатсонии зерҳимояашон низ дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ пушти дарҳои баста баргузор хоҳад шуд.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар марҳиллаи аввал рӯзи 25-уми декабри соли 2013 Зайд Саидовро бар асоси чаҳор банди кодекси ҷиноии Тоҷикистон « таҷовуз ба номус», «бисёрзанӣ», «қаллобӣ», «фасод ва ришвастионӣ» гунаҳкор дониста, ба 26 соли зиндон маҳкум кард.
Бархе аз коршиносон ишора бар он мекунанд, ки ҳукми Зайд Саидов ангезаҳои сиёсӣ дошта, ба тасмими ӯ дар мавриди таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав” рабт дорад. Аммо Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи олӣ ва раисикунандаи парвандаи Зайд Саидов, аввали соли равон дар ҳузури хабарнигорон ҳама гуфтугузорҳо оиди сиёсию фармоишӣ будани парванда ва ҳукм нисбати Зайд Саидовро беасос хонд: