Обуҳавошиносон: Тоҷикистонро сардӣ, раъду барқ ва жола интизор аст
Идораи обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзҳои 2 ва 5-уми апрел дар кишвар ҳавои номусоид дар назар аст.
Ин ниҳод бо пахши як иттилоия гуфт, тайи ин рӯзҳо дар кишвар боришот, аз ҷумла рӯзи 5-уми апрел боришоти нисбатан сахт, дар баъзе минтақаҳо раъду барқ ва жола дар назар аст.
Обуҳавошиносони тоҷик меафзоянд, ки ҳарорати ҳаво дар водиҳо то 8-10 дараҷа паст мефарояд: “Дар доманакуҳҳо хатари фаромадани сел ва дар ағбаи Анзоб хатари тарма мавҷуд аст.”