Мусодираи бинои дигари марбут ба хонаводаи Зайд Саидов
Додгоҳи иқтисодии Душанбе имрӯз 31-уми март як бинои дигари марбут ба хонаводаи Зайд Саидов, соҳибкори зиндонии тоҷикро ба фоидаи давлат мусодира намудааст.
Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки тибқи қарори додгоҳ бинои мазкур, ки дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ ҷойгир аст, ба ҳисоби давлат баргардонида мешавад: “Ин биноро, ки дар қабл Маркази илмии назди вазорати энергетика ва саноат буд, соли 2003 шаҳрванд, Саидаҳмад Мирзоев дар музояда бо маблағи 58 ҳазор сомонӣ хусусӣ мекунад. Баъдан бинои мазкурро, ки аслан дару тиреза ҳам надоштааст, соли 2006 Хайруллоҳ Саидов, писари бузурги Зайд Саидов гирифта, бозсозӣ мекунад ва онро аз бинои дуошёна ба сеошёна табдил медиҳаду ба сифати дафтари корӣ ба корхонаҳо иҷора медиҳад.”
Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров тибқи қарори додгоҳ бинои мазкур бо даъвои Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон бояд ба ҳисоби вазорат, ба ҳолати қаблӣ баргардонида шавад ва ҳамчун маркази илмӣ фаъолият бикунад.
Исҳоқ Табаров аз тадриҷан мусодира шудани амволи марбут ба зерҳимояаш Зайд Саидов зикр карда, афзуд, ки маълум аст тамоми парвандаҳои иқтисодӣ бар зарари онҳо анҷом хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки то имруз додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон дар нисбати ду моликияти мансуб ба Зайд Саидов ҳукм бароварда, дукони “Модная точка” ва корхонаи хурди “Тоҷикмармар” –ро ба ҳисоби давлат мусодира кард.
Вакилони дифои Зайд Саидов мегӯянд, ки аз ҳукми додгоҳи Тоҷикистон дар нисбати моликияти зерҳимояашон норозиянд ва аз болои он шикояти касатсионӣ хоҳанд бурд.