Қирғизистон баъди ҳаводиси Украина митингҳоро маҳдуд мекунад
Мақомоти Қирғизистон баргузории митингҳо дар маркази Бишкекро то 1 майи соли равон манъ кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳо эътирозгарон наметавонанд дар майдони марказӣ, назди бинои парлумон ва ҳукумат гирди ҳам биёянд.
Тасмим дар мавриди маҳдудияти муваққатии митингҳоро маъмурияти ноҳияи Якуми майи Бишкек гирифта, додгоҳи ноҳиявӣ ҳам онро тасдиқ кардасст.
Қаблан, мухолифон эълон карданд, ки 31 март дар Бишкек митинги оммавӣ баргузор намуда, аз ҳукумат тағироти қонуни асосиро талаб мекунанд. Аммо баъди он ки дар ВАО овоза ва сару садо дар мавриди эҳтимоли провокатсияҳо зиёд шуд, мухолифон гуфтанд, митинг 10 апрел гузаронда мешавад.