“Парвоз”-и нархи картошка ва ҳисоботи “осмонӣ”-и Қосими Раҳбар
Нилуфари КАРИМ
Нархи як кило картошка дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон аз 2,5 сомонии як ҳафтаи қабл то ба 4,5 сомонӣ боло рафтааст. Бархе аз тоҷирони бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе сабаби гарон шудани нархи картошкаро ба коҳиши воридот аз Покистон рабт доданд.
Ба қавли онҳо, ба далели интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон воридоти картошка аз Покистон кам шудааст. Аммо тоҷирони бозори “Шоҳмансур” дар сӯҳбат ба хабарнигори “Озодагон” болоравии нархи картошкаро мавсимӣ гуфтанд. Як савдогари ин бозор гуфт, “картошка кам мондааст. Картошкаро барои тухмӣ зиёд мехаранд ва як сабаби гарон шуданаш ҳам ҳамин ҳаст. Ҳамасола дар ҳамин мавсим нархи картошка боло меравад. Ба наздикӣ боз арзон хоҳад шуд.”
Картошка баъд аз ғалладонагӣ, дувумин маҳсулоти серистеъмол дар Тоҷикистон мебошад ва онро “нони дувум” ҳам меноманд. Гароншавии нархи ин навъи маҳсулот дар ҳолест, ки Қосими Раҳбар, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи ҳукумат дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна картошка хабар дода буд.
Ӯ аввали соли равон таъкид карда буд, супориши президенти кишвар барои расондани истеҳсоли солонаи картошка ба 1 миллион тонна бори аввал иҷро гардид. “Дар соли 2013 як миллиону 115 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуд”,-таъкид дошта буд Қосими Раҳбар.
Бар асоси иттилои расмӣ, талаботи солонаи Тоҷикистон ба картошка камтар аз 800 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад.