Эмомалӣ Раҳмон дар баландтарин сутун дар Суғд парчам мебардорад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аввали моҳи апрел бо як сафари корӣ аз вилояти Суғд дидан мекунад.
Дар ин бора ба “Озодагон” як манбаъ хабар дода, афзуд, дар назар аст, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бардоштани парчам дар сутуни 55-метрӣ, ки баландтарин дар Суғд аст, иштирок мекунад.
Санги асоси сутуни 55-метрии парчами Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд моҳи декабри соли 2013 гузошта шуда буд. Тавре дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, макони ин парчам воқеъ дар назди ҳукумати вилояти Суғд буда, лоиҳаи онро ширкати «Суғдшаҳрофар» омода намудааст.
Ба иттилои масъулини Суғд дар оянда дар ин минтақа боғи Парчами миллии Тоҷикистон ва дар шафати он Боғи устод Рӯдакӣ бунёд карда мешавад. Абдураҳмон Қодирӣ, раиси Суғд зимни гузоштани санги асос, таъкид карда буд, ки ин мавзеъ ба макони зебои истироҳатии шаҳрвандон табдил дода хоҳад шуд: “Он чун рамзи соҳибистиқлолии кишвар ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ бунёд карда мешавад”.
Ин дар ҳолест, ки дар маркази Душанбе сутуни 165-метрии парчами миллӣ бунёд ёфта, моҳи августи соли 2011 ба китоби рекордҳои Гиннес низ шомил шуда буд. Ин сутуни парчами миллӣ дар канори Кохи Миллат бунёд шудааст.
Оғози сохтмони пояи сутуни парчами Тоҷикистон ҳанӯз аз моҳи ноябри соли 2010 сар шуда, онро кормандони ширкатҳои ватании “Алюминбинокор” ва амрикоии "Trident Support" сохтанд. Сутуни мазкур аслан аз оҳан сохта шуд, ранги сафед дорад, ки ҳам дар шаб ва ҳам дар рӯз аз масофаи дур дида мешавад. Дарозии матои ин парчам 60 ва бари он 30 метрро ташкил медиҳад.