Ёвари котиби давлатии ИМА аз Қазоқистон дидан мекунад
Ниша Бисвал, ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ оғози моҳи апрел аз Қазоқистон ва Қирғизистон дидан мекунад.
Дафтари матбуотии департаменти давлатии ИМА гуфтааст, ки Бисвал аз 31 март то 2 апрел дар Остонаву Алмаато ва аз 2 то 4 апрел дар Бишкек қарор хоҳад дошт.
Ёвари котиби давлатии Амрико дар ҷараёни ин боздид бо чеҳраҳои баландмақоми Қазоқистону Қирғизистон мавзӯҳои минтақаӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад.
1 апрел Бисвал дар Донишгоҳи миллии Аврупо ба номи Гумилева дар Остона суханронӣ намуда аз "ояндаи дурахшони ҳамкориҳои Қазоқистону Амрико” мегӯяд.