Фирори муҳоҷири тоҷик аз боздоштгоҳи Оренбург
Мақомоти пулиси вилояти Оренбург аз фирори ду муҳоҷири меҳнатӣ- як шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Узбакистон хабар додааст, ки охири ҳафтаи гузашта сурат гирифтааст.
Дар иттилоияи паҳнкардаи раёсати пулиси ин вилоят гуфта мешавад, ки муҳоҷирон барои ҳузури ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия боздошт шуда, истирдодашонро ба Ватан интизор буданд: “Аммо охири ҳафтаи гузашта, субҳи барвақт ин муҳоҷиронро ҳамроҳ бо дигар боздоштшудагон барои корҳои хоҷагидорӣ ба кӯча бароварданд ва ин ду нафар аз фурсат истифода карда, гурехтаанд.”
Ба иттилои манбаъ рӯзи шанбеи 29-уми март яке аз фирориён, шаҳрванди Узбакистон боздошт шуда, амалиёт барои боздошти муҳоҷири тоҷик идома дорад.
Раёсати пулиси вилояти Оренбург мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса санҷиши хидматӣ таъин шуда, аз натиҷаи он, гунаҳкорон барои хунукназарӣ муҷозот мешаванд.