Миср президенташро баъди 56 рӯз интихоб мекунад
Санаи баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Миср муайян гардид.
Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихоботии Миср, овоздиҳӣ рӯзҳои 26 ва 27 май гузаронда мешавад. Манбаъ гуфтааст, дар сурати пирӯз нашудани ягон номзад дар даври аввал, рӯзи 26 июн даври дуюми интихобот доир хоҳад шуд.
Зарурати баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Миср баъди барканории Муҳаммад Мурсӣ дар моҳи июли соли гузашта ба миён омад.
Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ, вазири дифоъ ва саноати низомии Миср, ки ба хотири ширкат дар ин маърака чанд рӯз пеш аз мақомаш истеъфо дод, яке аз афроди калидӣ дар барканории Мурсӣ гуфта мешавад.