Президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ профессор Антон Караджа гуфт, бо ин унвон номзадҳо танҳо пас аз баррасии ҳамаҷонибаи дастовардҳо ва фаъолияти мусбии онҳо ҳамчун пешвоёни аср дар даҳсолаи охир ва бо назардошти нуфузу эътибори онҳо дар назди халқу кишварҳо пешниҳод ва сарфароз гардонида мешаванд. Қайд гардид, ки далелҳои зерин барои ба ин унвон ноил гардидани Эмомалӣ Раҳмон сабаб шудаанд: мусоидат ба ваҳдати миллии Тоҷикистон, мубориза бо коррупсия ва таъмини эҳтироми манзалати инсонӣ, таъмини идоракунии шаффоф ва озодии матбуот, дастгирии ҷорӣ кардани равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҳуқуқҳои инсон, кафолати озодиву адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа ва бароҳандозии дигар барномаҳои созандагӣ, таъмини рушди устувор ва босуръати иқтисодии Тоҷикистон, ташаккули бозори озоди иқтисодӣ дар кишвар, ки ҳамзамон ба тақсимоти дурусти даромадҳо ва таъмини рушди баландсуръати сохторҳои ҳифзи иҷтимоӣ асос ёфтааст, рушди пайгиронаи пояҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон тавассути маблағгузориҳо ба соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, ки дастгириашон ҷавобгўи чунин арзишҳои дахлнопазири ҳуқуқи инсон, ба монанди тандурустӣ, маориф ва зиндагии солим мебошад, мусоидат ба ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон ва эҳёи Душанбеи таърихӣ, фаъолгардонии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо, ки яке аз саъйу талошҳои муассир барои таъмини дастгирии ояндаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, рушди доимӣ ва ҳимояи мероси фарҳангӣ ва таърихии халқи тоҷик, мубаддал гардондани Душанбе ба яке аз марказҳои ҳамоиши Аврупою Осиё ва машъали рушд барои тамоми минтақа,дастгирии доимии сулҳу субот ва амният дар сатҳи ҷаҳонӣ ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ тавассути андешидани тадбирҳои муҳим, ба монанди тағйир додани Тоҷикистон ба кишвари сулҳоро ва дорои сарҳадҳои бехатар.{jathumbnail off}