Барзу беҳтарин коргардони 5-солаи ахир дар Қирғизистон эълон шуд
Вазорати фарҳанг ва Анҷумани фаъолони театри Қирғизистон барои беҳтарин ҳунари коргардонӣ дар 5 соли охир ба Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи тоҷик ҷоиза додааст.
Ин хабарро дар суҳбат бо “Озодагон” Барзу Абдураззоқов таъйид карда, афзуд, ки ҷоизаро барои намоишномаи «Ишқ, Хирад ва Марги Дарвеш» (Любовь, Мудрость и Смерть Дервиша) аз рӯи асари ҳамноми Тимур Зулфиқоров гирифтааст, ки соли 2008 дар театри узбакии академиявии Ош гузошта шудааст: “Дар маросими тантанавӣ ба ман як ҷоиза доданд, ки онро ба театри академии Ош супоридам.”
Ин коргардони шинохтаи театри тоҷик дар охири моҳи январи соли ҷорӣ Тоҷикистонро ба қасди Қирғизистон тарк кард ва наздикони ӯ гуфтанд, Барзу барои кор ва зиндагӣ ба шаҳри Бишкек рафтааст. Далели тарки Тоҷикистон кардани коргардони маъруфро ба он рабт доданд, ки дар театрҳои кишвар ӯро ба кор нагирифтаанд. Абдураззоқов яке аз коргардонҳои шинохтаи Тоҷикистон аст, ки дар гузашта раҳбарии Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри ҷавонон ба номи Маҳмуди Воҳид дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Охирҳои моҳи феврал мактаби коргардонии Барзу Абдураззоқов, дар театри ба номи Абдумомунови шаҳри Бишкек таъсис ёфт.