Таъсисёбии ситоди омодагии ҲНИТ ба интихоботи парлумонӣ
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ташкилшавии ситоди омодагияш ба интихоботи парлумонии соли 2015 дар навоҳи тобеи марказ хабар медиҳад.
Тавре аз ҲНИТ ба “Озодагон” хабар доданд, роҳбарияти ҳизб барномаи ситоди омодагӣ ба интихоботи парлумонии соли 2015 - ро созмон додааст, ки ҳоло он дар тамоми бахшҳои навоҳии тобеи марказ дар ҳоли иҷро мебошад.
Интихоботи парлумонии навбатии Тоҷикистон қарор аст, моҳи феврали соли 2015 баргузор шавад. ҲНИТ аз миёни аҳзоби сиёсии кишвар, ягона ҳизбе мебошад, ки расман аз омодагии худ ба ин интихобот хабар додааст. Интихоботи парлумонии пешини Тоҷикистон соли 2010 баргузор шуда буд. Масъулини ҲНИТ иддао доштанд, ки дар он беш аз 50 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда буданд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, беш аз 40 ҳазор узв дорад ва инчунин соҳиби торнамову нашрияи худ низ ҳаст.