Созиш барои мубодилаи бештари муҳассилин миёни Тоҷикистону Русия
Нилуфари КАРИМДар доираи намоишгоҳи сеюми таълимии «Маорифи Русия. Душанбе-2014» байни муассисаҳои олию касбии Русия ва Тоҷикистон шартномаи дуҷониба барои табодули донишҷӯён, илмомӯзон ва муаллимон баста шуд.
Шартномаҳои мазкур байни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва зиёда аз 14 муассисаҳои оливу касбии ду кишвар ба имзо расида, аллакай довталабони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази барномаҳои байналмиллалӣ супорида истодаанд.
Курнушка Владислав, директори “Россотруничества” дар Тоҷикистон гуфт, "бештари донишгоҳҳои олии Русия барои аввал дар намоишгоҳи сеюми таълимии «Маорифи Русия. Душанбе-2014» иштирок намуда, барои ҳамкориҳои оянда омода ҳастанд. Иштироккунандагони намоишгоҳ тавонистанд аз дасти аввал тамоми маълумот оид ба низоми маориф, мактабҳои олӣ, шароити таҳсил ва расму русуми донишгоҳҳои Русияро бигиранд".
Раҳматулло Мирбобоев, муовини аввали вазири маориф зимни нишаст гуфт, масъалаи барои таҳсил фиристодани ҷавонони тоҷик ба муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷ дар ҳалли проблемаи бо мутахассисони баландихтисос таъмин намудани иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозад. “Дар ин самт диққати асосӣ ба он равона карда мешавад, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои таҳсил ба хориҷи кишвар асосан аз рӯи ихтисосҳое фиристода шаванд, ки тайёр намудани онҳо дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриимкон аст ва ё бо шумораи нокифоя тайёр карда мешаванд. Дар замина озмуни довталабон тавассути бурсияҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой, Украина, Федератсияи Русия, Беларусия, Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия ва Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» баргузор гардида, ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва илмии хориҷи кишвар аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ва вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ 2460 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуд. Соли 2012 ин шумора 1269 нафарро ташкил дода буд.” -гуфт Мирбобоев.
Маврид ба зикр аст, ки намоишгоҳи мазкур аз ҷониби Вазорати маорифи Тоҷикистон, сафорати Русия ва намояндагии “Россотрудничества” дар Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадафи он шинос намудани хатмкунандагони мактабҳои Тоҷикистон бо низоми маорифи Русия мебошад.