Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз,28-уми март зимни ҷаласаи ҳукумат бо амалӣ намудани як қатор тағйироти кадрӣ ба масоили қарзи хориҷӣ, бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон ва шаҳрсозӣ дахл кардааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар қатори кадрҳои навтаъин Бунафша Одинаева - Муовини вазири фарҳанг, Зулфия Одинаева - Муовини вазири нақлиёт, Абдулҳаким Холов - директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Раҳимҷон Саидов - сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, Раҳматулло Таваров - сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Баҳодур Холназаров - сардори хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Ғафур Хоҷамуродов - сардори хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Холмаҳмад Назаров - сардори хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистонро ном бурд.
Ба иттилои манбаъ зимни ҷаласаи ҳукумат инчунин стратегияи идоракунии қарзи давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ карда шуд: “Тавре зикр гардид, тибқи ин санад, нишондиҳандаи асосии таносуби қарзи номиналии беруна нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохила дар сатҳи 40%, унсури грантии қарзҳо на кам аз 35%, давраи имтиёзӣ на кам аз 5 сол ва фоизи онҳо на зиёда аз меъёрҳои тиҷоратӣ муайян гардидааст.”
Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон доир ба риояи талаботи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, ки баробари тасвиби лоиҳаи як қатор қонунҳо барои зарардидагони шаҳри Ваҳдат аз офатҳои табиӣ 166 гектар замин барои додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар охири маҷлис назди масъулин доир ба вусъати киштукори баҳорӣ ва омодагӣ ба пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла селу жола ва обхезӣ ва бартарафсозии оқибатҳои эҳтимолии онҳо вазифаҳои мушаххас гузоштааст.