Посух ба президент: Бояд аз тоҷикон дифоъ кард, на аз Карзай
Насибҷон Амонӣ, Алма-ато
Суханони сарвари давлатамон, Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфтааст, "Афғонҳо худ бояд сарнавишташонро муайян созанд" -ро шунида, онҳое, ки аз сиёсати имрӯза дар Афғонистон то ҷое огоҳанд, комилан дар ҳайрат мемонанд, ки то чӣ андоза сиёсатмадорони мо, ба вижа, онҳое, ки дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон кор мекунанд, аз рӯйдодҳои имрӯзии Афғонистон ва паёмадҳои он ноогоҳанд. Агар онҳо аз сиёсатҳои дирӯзаву имрӯзии ин кишвари ҳамсояамон огоҳ мебуданд ва бо чашми сар манфиатҳои тоҷикони ин кишвар ва рушди демократияро мехостанд, ба ҳеч ваҷҳ Эмомалӣ Раҳмон дар Кобул чунин сухан намегуфт. Зеро ҳукумати Карзай бо тамоми нерӯ мехоҳад, ки дар интихоботи дарпешистода нозирони байналмилалӣ дар Комиссиюни марказии интихобот ва ҳавзаҳо ширкат накунанд ва натиҷаи интихоботро бо ёрии бародаронаш, ки бештарашон аз қавми паштун ҳастанду дастнишондаи Карзайанд, бо роҳи тақаллуб ба фоидаи худ ҳал кунанд.
Ҳукумати Карзай бисёр мехоҳад, ки дар интихобот дастаи Залмай Расул ва ё Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ки ҳарду ҳам паштунанд, пирӯз гарданд.Онон бо тамоми неру муқобили дастаи доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ, ки бештари тоҷикон гирди ӯ ҷамъ омадаанд ва шахсиятҳои калидии тоҷикон монанди волии Балх Атомуҳаммади Нур, муовини аввали раиси ҷумҳур Муҳаммадюнуси Қонунӣ, Салоҳиддин Раббонӣ писари устоди равоншод Бурҳониддини Раббонӣ ва даҳҳо тоҷики дигару бахше аз паштунҳо, ҳазораҳо, узбакҳо ва дигар ақвоми бедори кишвар ҳам аз ӯ пуштибонӣ мекунанд, дар мубориза ҳастанд. Аз ин хотир ҳукумати Карзай мехоҳад, ки бо дору дастааш ва намояндагонаш дар Комиссиюни интихобот бидуни ҳузури хориҷиҳо, одами ба худ даркорӣ ( Залмай Расул ё Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай)-ро ба қудрат биёварад ва бо ҳамин давоми ҳукумати қавмгарои хешро ҳам таъмин кунад. Бояст пеш аз ин интихобот ва умуман ҳамеша ҳукумати мо бо шахсиятҳои калидии тоҷики Афғонистон ва онҳое, ки аз вазъи имрӯзии кишвар ва гузаштаи он огоҳ ҳастанд, дар робита мешуд ва ҳамеша маълумоти дақиқ ва беғаразонаро дар бораи ин кишвар дар даст медошт ва сиёсатҳои кутоҳмуддат ва дарозмуддати хешро бо назардошти дурнамои ин кишвар ва манфиатҳои тоҷикон дар Хуросон роҳандозӣ мекард.
Вале суханони Эмомалӣ Раҳмон баёнгари ин аст, ки аз чунин мақсадҳои ҳукумати Карзай, ки сиёсаташ муқобили тоҷикони Афғонистон аст, дар ҳукумати мо чандон огоҳ нестанд. Дар ҳоле ки дигар кишварҳо, аз ҷумла Узбакистону Туркия ошкору ниҳонӣ аз Абдурашид Дӯстуми узбак, Покистон аз намояндагони паштун ва ба вижа аз Гулбиддини Ҳикматёр ва ҳизби ӯву ҳизби Афғонмиллати паштунҳо дастгирӣ мекунанд. Вале ҳукумати мо ба ҷои ин, ки тоҷикони Афғонистонро пуштибонии ҳадди ақал маънавӣ кунад, ба осиёби Карзай-- бадхоҳи тоҷикони Афғонистон об мерезад.
Нуқтаи дигар ин аст, ки ҳукумати Карзай бисёр мехоҳад, ки дар соли равон сарбозони хориҷӣ аз кишвар берун шаванд. Ин плони дуюми Карзай аст, ки дар ҳолати нокомии тарафдоронаш дар интихобот "бародарон"-и дигараш Толибонро ба сари қудрат биёварад. Барои Карзай бисёр муҳим аст, ки барои иҷрои ин нақша дар Афғонистон неруҳои хориҷӣ ҳузур надошта бошанд ва Толибон бидуни мушкилот бо ёрии Покистон қудратро ба даст гиранд. Барои ҳамин ҳам Карзай, ҳарчанд Толибон ҷиноятҳои мудҳише алайҳи мардуми Афғонистон мекунанду даҳҳо ва садҳо бегуноҳро мекушанд, вале онҳоро бародар мехонад ва аз кушта шудани баъзе он мурдорон азо мегирад, вале парвои кушта шудани кӯдакони маъсуму сарбозони далери кишвар надорад. Ин раиси ҷумҳур то имрӯз боре ҳам ба ҷанозаи онҳое, ки аз дасти Толибон кушта шудаанд, нарафтааст ва ҳатто ба хонаводаи онон ҳамдардӣ ҳам накардааст. Карзай хеле хуб медонад, ки барои иҷрои нақшаҳои шумаш пеш аз ҳама ҷомиаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла неруҳои байналмилалӣ халал мерасонанд ва Толибон ҳастанд, ки бо ёрии онҳо метавонад, дар ҳолати шикаст ҳам боз аз об хушк барояд ва қудратро бо ёрии "бародаронаш" ба даст гирад.
Бо назардошти вазъи имрӯзаи Афғонистон ва сиёсатҳои зиддимардумии Карзай яке аз сиёсатмадорони номдори тоҷики Афғонистон Амрулло Солеҳ, ки замоне раиси амнияти кишвар буд, чанд руз пеш гуфт, ки агар неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон берун шаванд, ҳукуматро Толибон ғасб хоҳанд кард. Агар Худо нахоста чунин шавад, ин боз оғози тоҷиккушӣ ва ҷаҳлу ҷаҳолати асримиёнагӣ ва аз байн бурдани фарҳангу забони мо дар Афғонистон мегардад. Бояд бидонист, ки то имрӯз ҳам аз дасти Толибон даҳҳо бузургонамон монанди устод Бурҳониддини Раббонӣ, генералҳо Довуди Довуд, Мавлоно Саидхелӣ ба шаҳодат расиданд ва ин куштори занҷираӣ то ҳол идома дорад ва ба навиштаи баъзе нашрияҳои тоҷикони Афғонистон моршол Фаҳимхон ҳам аз дасти душманони тоҷикон заҳр хӯрда ба ҳалокат расидааст. Бояд аз ёдамон наравад, ки вақте Толибон бо ёрии Покистон 85 дарсади Афғонистонро забт карда буданд, танҳо шери Панҷшер Аҳмадшоҳ Масъуди бузург, ин тоҷики абармард буд, ки муқобили он ваҳшиён ҷангид ва дар охир бо ёрии неруҳои байналмилалӣ ва сарбозони Эътилофи Шимол Толиб ба шикаст мувоҷеҳ гардид. Боз ёдамон наравад, ки Толибон он солҳо ба ҷуз тоҷиккушӣ ва қатли оми мардуми бегуноҳ ҳамчунин бузургтарин ёдгории ниёгонамон ду бути бузурги Бомиёнро ба хок яксон карданд...
Агар бори дигар Толибон ҳукуматро ба даст гиранд, ваҳшонияти бештар аз пештар хоҳанд кард ва дар Афғонистон на танҳо рӯзи тоҷикон, балки тақрибан ҳама мардуми ғайиафғон( ғайрипаштун) сиёҳ хоҳад шуд. Барои ҳамин ҳоло ҳам вақт аст, ки бояд то интихобот коре кард, ки ба суди тоҷикони Афғонистон ва дурнамои онон бошад. Яъне, бояд аз дастаи интихоботии доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ пуштибонӣ кард, то як ҳукумати мардумӣ дар Афғонистон рӯи кор ояд, ки ин пеш аз ҳама, ба суди тоҷикон ҳам хоҳад буд. Сониян ҳукумати Тоҷикистон бикӯшад, ки то ором гардидани вазъ ва рӯи кор омадани ҳукумати мардумӣ ва неруманд гардидани ниҳодҳои амниятиву неруҳои мусаллаҳи кишвар дар Афғонистон неруҳои байналмилалӣ боқӣ бимонанд. Чунин бархурди воқеъбинона, яъне пуштибонӣ аз дастаи интихоботии доктор Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва дар Афғонистон то замоне боқӣ мондани неруҳои байналмилалӣ ба суди ҳама мардуми кишвар ва аз ҷумла, ба суди тоҷикон ҳам ҳаст ва ин омилҳо имкон хоҳанд дод, то фардо тоҷикон дар ин кишвар ҷойгоҳи хубе дошта бошанд ва Афғонистон низ бо роҳи демократӣ пеш равад, на дар ин ҷо боз ҳукумати қабиласолорон ҳукмронӣ намояд. Тоҷикони одӣ ҳамеша пуштибони дастаи доктор Абдуллоҳ ҳастем ва хоҳем буд ва дар интихобот пирӯзии ӯро мехоҳем ва орзу дорем, ки ҳукуматамон ҳам чунин мавқеи тоҷикона дошта бошад.