Отамбоев дар баҳси марзии Душанбею Бишкек мардумашро ба сабр хонд
Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, сокинони кишварашро ба таҳаммулпазирӣ даъват карда, гуфтааст, баҳси марзии миёни Душанбею Бишкек базудӣ ҳалли худро хоҳад ёфт. Ӯ ҳангоми суҳбат дар телевизиони давлатии “ЭлТР” аз қирғизҳо хостааст, ба ҳар гуна ҳангома дар марвиди баҳсҳои марзӣ дода нашаванд, ки оқибаташ ҳаводиси Украина хоҳад буд.
Отамбоев дар идома таъкид крадааст, ки баҳсҳои марзиро наметавон, дар муддати кутоҳ ҳал карду ба онҳо нуқта гузошт ва барои ҳамин ҳам мардум бояд сабр дошта бошанд: “Ин гуна масоили печида, ки садсолаҳо ҳалли худро наёфтаанд, муносибати ҷиддию бо диққатро талаб менамоянд ва албатта бояд сокинони назди марзӣ таҳаммулпазир бошанд. Бархе кишварҳое вуҷуд дорад, ки ба баҳсҳои аломатгузории марзи худ бо ҳамсояҳо садсолаҳо мешавад, натавонистаанд, поён бахшанд.”
Отамбоев аз сокинони кишвараш даъват кардааст, ба суханони гуруҳҳои манфиатдоре, ки ба оташи таниш ва баҳсҳои марзии Қирғизистон бо давлатҳои ҳамсарҳадаш, аз ҷумла Тоҷикистон “равған” мепошанд, гӯш надиҳанд. “Равған рехтан ба ин гуна баҳсҳо ба ҳаводиси амсоли Украина бурда мерасонад. Амали афроде, ки доди ватанхоҳию меҳанпарастӣ мезананду ин гуна масоилро ба баҳс мекашанд, аксуламали манфӣ ба вуҷуд меорад” - афзудааст ӯ.