Русия: Боздошти як шаҳрванди Узбакистон бо иттиҳоми узвият дар ҲИУ
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Маскав аз боздошти як шаҳрванди 51-солаи Узбакистон хабар додааст.
Дафтари матбуотии Сарраёсати Вазорати умури дохилии Русия гуфтааст, “ин нафар узви ҳаракати исломии Узбакистон буда, дар пайгарди байналмилалӣ қарор дошт”.
Амалиёти боздошти ӯ дар як меҳмонхонаи пойтахти Русия анҷом шудааст. Ба иттилои манбаъ, ояндаи наздик масъалаи истирдоди дастгиршуда ба ватанаш баррасӣ мегардад.