Сарварони гурӯҳи миллатгаро, ки аз сӯи пулис мавриди пайгард қарор доштанд, дастгир шуданд.
Пулис ду нафар саркардагони бетартибиҳои Майдони Манежи Маскав дар охири соли 2010, ки 2 танро кушта ба ҷой гузошта буд, дар ҳамин майдон дастгир намудааст. Георгий Боровиков, яке аз саркардагони ин бетартибиҳо баробари ворид шуданаш ба саҳни майдон аз сӯи пулис мавриди бозпурсӣ ва таҳқиқи ҳуҷҷатҳояш қарор мегирад. Яке аз пулис ӯро мешиносад ва фавран ба даруни мошини хидматиаш мешинонад. Ҳамчунин сарвари дигари ин гурӯҳи миллатгаро Дмитрий Демушкин низ дастгир мешавад. Сабаби маҳз Майдони Манежро ҷойи вохӯрӣ таъин намудани ин ду саркардагони бетартибиҳо аз сӯи пулис таҳқиқ карда мешавад. Эҳтимоли банақшагирии сар задани ягон бетартибии оммавии дигарро пулис инкор намекунад.