Шаҳрванди Узбакистонро дар Русия барои додани пора $28 000 ҷарима кардаанд
Як шаҳрванди Узбакистон дар Русия ба маблағи беш аз миллион рубри русӣ, муодили 28 ҳазор доллар ҷарима шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии раёсати Кумитаи тафтишотии Русия Камол Умаровро дар “додани пора ба шахси мансабдор” муҷрим шинохтаанд. Манбаъ гуфтааст, Умаров барои аз тариқи марзи Русия ғайриқонунӣ ба Финландия гузарондани чор шаҳрванди Ветнам ба кормандони раёсати Хадамоти федеролии амниятӣ ё УФСБ-и Русия дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград 800 доллар додааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии раёсати Кумитаи тафтишотии Русия дар Санкт-Петербург маблағи ҷарима аз аз маблағи пора беш аз чил маротиба бештар аст.