“Маоши пасттаринро дар ИДМ тоҷикистониён мегиранд”
Гуруҳи тадқиқотии BusinessForecast дар асоси иттилои пешниҳодкардаи ниҳодҳои омории кишварҳои ИДМ ва назди Балтика муайян намудааст, ки пасттарин маошро дар ин минтақа дар соли 2013 сокинони Тоҷикистон гирифтаанд.
Тибқи иттилои ин гуруҳ аз рӯи ҳаҷми маош дар минтақаи ИДМ ва назди Балтика Эстония бо маоши миёнаи 1258 доллари амрикоӣ пешсаф аст. Дар пайи Эстония бо маоши миёнаи 949 доллар Латвия ва дар зинаи сеюм Русия бо 939 доллар қарор дорад.
Маоши миёна дар Литва-877 доллар, Қазоқистон-714 доллар, Белорусия-579 доллар, Озарбойҷон-539 доллар, Гурҷистон-481 доллар, Украина-408 доллар, Арманистон-368 доллар, Молдова-299 доллар, Қирғизистон-235 доллар ва Тоҷикистон-146,5 доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад.