Бозори "гарм"-и филм дар бораи “кидат"-и муҳоҷирони тоҷик
Филми “Масква равон шудем...”, ки дар бораи ҳаёти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик қисса мекунад, феълан дар нуқтаҳои дискфурӯшии Душанбе аз серхаридортаринҳо ба ҳисоб меравад.
Хабарнигори “Озодагон” субҳи имрӯз, 27-уми март дар назди бозори “Шоҳмансур”-и шахри Душанбе шоҳиди навбатпоии одамоне шуд, ки филми “Масква равон шудем...”-ро тамошо мекарданд. Як фурӯшандаи нуқтаи дискфурӯшӣ гуфт, ин филм дар бораи “кидат” шудани муҳоҷирон буда, харидори зиёд дорад.
Филми мазкур ҳарчанд соли 2006 рӯи навор омадааст, аммо ба гуфтаи соҳибони дискфурӯшиҳо имрӯзҳо бозори гарм дорад. “Масква равон шудем...” дар коргардонии Озод Маликов бо пешниҳоди намояндагии Интернюс Нетуоворк ва Созмони ҷаҳонии муҳоҷират таҳия шуда, аз мушкилоти умдаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия қисса мекунад.
Ин дар ҳолест, ки баҳор фасли сафари муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба Русия мебошад. Феълан теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия беш аз 1 миллион нафар арзёбӣ шуда, таъминоти асосии аксари хонаводаҳои тоҷикро ба дӯш доранд.