Бозҷӯии ронандае, ки пиёдагардонро пахш карда, гурехтааст
Мақомоти пулиси Тоҷикистон ронандаеро, ки шоми 25-уми март дар ҳудуди ноҳияи Бохтар ду пиёдагардро пахш карда, фирор намудааст, мавриди бозҷӯӣ қарор додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 25-уми март, соати 19.30 дақиқа дар шоҳроҳи Қӯрғонтеппа - Бохтар, дар ҳудуди деҳоти Меҳнатобод ронандаи автомашинаи номаълум пиёдагардон Мирзошоев Абдусалом, соли таваллудаш 1968 ва Даминов Саймурод, соли таваллудаш 1988, сокинони ноҳияи Вахшро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.
Манбаъ мегӯяд, пиёдагардон ҷароҳати вазнин бардошта, феълан дар беморхона бистарӣ мебошанд. Вазорати умури дохилӣ таъкид кард, ки феълан чорабиниҳо барои муайян ва дастгир намудани ронандаи автомашина идома доранд.