Саҳми Кумитаи дин дар хатнасури 70 кӯдак аз оилаҳои камбизоат
Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон дар пайи як иқдоми наврӯзияш ба 70 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд хатнатуй баргузор кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи дин, ин маросим рӯзи 26 март баргузор шуда, инчунин туйи арусии ду ҷуфт низ барпо гардидааст. Манбаъ меафзояд, ки дар ин чорабинӣ Абдурраҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин иштирок дошта, ба домоду арӯс ва кӯдакони соҳибҷашн туҳфаҳо аз ҷониби ин ниҳод супорида шудааст.
Кумитаи дин мегӯяд, ҳамасола дар арафаи таҷлил аз ҷашни байналмилалии Наврӯз, ин ниҳод ҷиҳати баргузории тӯйи хонадоршавӣ ва хатнасури ашхоси ниёзманд саҳм мегузорад.