Мамитов мегӯяд, базудӣ бархе гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро боз мекунад
Тоқон Мамитов, иҷрокунандаи вазифаи муовини сарвазири Қирғизистон аз боз шудани бархе гузаргоҳҳои марзии кишвараш бо Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик хабар додааст.
Мамитов гуфтааст, ду гузаргоҳи марзии воқеъ дар ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд, ҳаммарзи вилояти Суғд базудӣ боз хоҳанд шуд. Ба гуфтаи ӯ, гузаргоҳи марзии “Кизил-Бел”-и ноҳияи Бодканд, ки он ҳам ҳамсарҳад бо вилояти Суғд аст, бо дархости сокинони ин минтақа масдуд боқӣ мемонад: “Сокинони ноҳияи Бодканд талаб доранд, то анҷоми аломатгузории хатти марз бо Тоҷикистон ин гузаргоҳ кушода нашавад ва албатта аз ин қазия ҷониби Тоҷикистон низ огоҳ ва розиянд, чун моро хуб дарк мекунанд.”
Иҷрокунандаи вазифаи муовини сарвазири Қирғизистон афзудааст, ки дар пайи тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ миёни сарҳадбонони ду кишвар аз 5 гузаргоҳи марзӣ танҳо ҳамин се тоаш комилан масдуд шуда буданд. Ӯ мегӯяд, гузаргоҳҳои марзии “Бор-Добо” ва "Карамик”-и кишвараш воқеъ дар минтақаи ҳаммарзи ноҳияи Ҷергатол ва Вилояти Бадахшони Тоҷикистон қисман боз буда, тавассути онҳо мошинҳои марбут ба неруҳои низомии хориҷӣ дар Афғонистон ва мошинҳои ҳомили масолеҳи сохтмонии ширкатҳои Чин барои убур иҷоза дода мешаванд ва инчунин донишҷӯёни Тоҷикистону Қирғизистон низ тавассути ин гузаргоҳҳо метавонанд, ба кишварҳои якдигар сафар кунанд, чун бар асоси қарордоди байналмилалӣ ба ин Қирғизистон вазифадор мебошад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Мамитов гуфта буд, як гуруҳи тоҷирони кишвар аз хисороти зиёди дидаи худ дар пайи баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба мақомот хабар дода, боз шудани марзро талаб кардаанд: “Як гуруҳи тоҷирони қирғиз аз мо хоҳиш доранд, то гузаргоҳҳои марзиро боз кунем, чун онҳо аз бонкҳо қарз гирифтаанду бояд миқдори муайяни ангишту маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмониро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.”