Ноболиғон дар шаҳри Душанбе мағозаро ғорат кардаанд
Аз мағозаи сокини ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба миқдори 137.909 сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар анҷомҳоро ба яғмо бурданд.
Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, дар ин бора аризаи шаҳрванд Амонулло Алиеви 48- сола ирсол гардид. Ба қавли ӯ, аз соли 2010-ум то инҷониб шахсони номаълум ба воситаи кушодани тирезаи мағозааш, воқеъ дар кӯчаи Ҳофизӣ Шерозӣ-6, ворид гашта аз он ҷо ашёи рӯзгор, маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар лавозимотро тасарруф кардаанд. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ -ҷустуҷӯй, ноболиғон Равшан Идиеви 13- сола, Шаҳром Сироҷови 14- сола ва Валиҷон Раҷабов дастгир карда шудаанд. {jathumbnail off}