Додугирифти газу барқ дар меҳвари мулоқотҳои Раҳмон дар Кобул
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Ҳазрат Умар Захилвол, вазири молияи Афғонистон хостори ҳарчӣ зуддтар амалӣ гардидани лоиҳаи хатти интиқоли барқи CASA-1000 шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот, ки рӯзи 26-уми март дар Кобул баргузор гардид, ҷонибҳо ҳар чӣ зудтар татбиқ гардидани лоиҳаҳои дигари минтақавиро, аз қабили лоиҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, лӯлаи газ аз Афғонистон ба Тоҷикистонро ба нафъи ҳарду кишвар арзёбӣ кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳазрат Умар Захилвол ҳавасмандии худро барои ба мувофиқа расондани лоиҳаи созишномаи сеҷонибаи миёни Тоҷикистону Афғонистону Покистон доир ба тиҷорати транзитӣ таъкид доштанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар мулоқоташ бо Абдуррауф Иброҳимӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Афғонистон ҳамкории ҳамаҷонибаро бо ин кишвар аз муҳимтарин авлавиятҳои сиёсати хориҷии Таҷикистон номида, рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишварро муҳим арзёбӣ кардааст.
Дар ин вохӯрӣ таъкид шудааст, ки парлумонҳои ду кишвар метавонанд дар ташвиқ ва танзими ҳамкории сиёсию амниятӣ, иқтисодию сармоягузорӣ ва бунёди шабакаҳои фаромиллии инфрасохторӣ нақши муҳим дошта бошанд.
Дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 27 март дар шаҳри Кобул, дар се чорабинии муҳими байналмилалию минтақавӣ суханронӣ намояд.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳур иттилоъ медиҳад, ки ин чорабиниҳо тантанаҳои марказии бахшида ба ҷашни панҷуми Наврӯзи байналмилалӣ ва ҳамоишҳои сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ва чорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон мебошанд.
Тасмимгириҳои муштарак доир ба таҳкими амну субот дар минтақа, дарёфти роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои бузург дар бахшҳои энергетикаву нақлиёт, кашидани хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои нафту газ аз мавзуҳое мебошанд, ки зимни дидори Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтоёнаш матраҳ хоҳад шуд.