Роҳбандӣ дар рӯзи аввали корӣ баъди Наврӯз
Субҳи имрӯз, 27-уми март, нахустин рӯзи корӣ баъди таҷлили Наврӯз дар Душанбе роҳбандии чандкилометрӣ ба вуҷуд омад.
Тавре сокинони пойтахт ба “Озодагон” гуфтанд, танбаи мошинҳо дар маҳаллаи Қараболо ҳаракати мусофиркашҳои хатсайри 8, 12, 19, 25 ва дигаронро мушкил карда, дар натиҷа бисёре аз донишҷӯйҳо ва кормандон ба мактабу коргоҳ дер расиданд. Нурия, як донишҷӯи тоҷик, ки дар шаҳраки ҷавонон мехонад, ба “Озодагон” гуфт, аз маҳаллаи 102 то шаҳраки донишҷӯён, ки ҳамагӣ 2-3 километр аст, дар як соат расидааст.
Сокинони пойтахт аз он шикоят доштанд, ки бо вуҷуди соатҳо давом кардани роҳбандӣ ягон нозири роҳ барои танзими ҳаракати мошинҳо ба ҷои ҳодиса ҳозир нашуд.