Тасвиби созишнома барои иҷозати 3-солаи кор барои тоҷикон дар Русия
Шӯрои федералии Русия, палатаи болоии парлумони ин кишвар, имрӯз, 26-уми март, созишнома дар бораи ироаи иҷозаи сесолаи кор барои шаҳрвандони Тоҷикистонро ба тасвиб расондааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод то ҳол Русия барои шаҳрвандони хориҷие, ки бе низоми раводид вориди ин кишвар мешаванд, то 1 сол ҳаққи кор медод. Баъди сипарӣ шудани ин муҳлат шаҳрванди хориҷӣ уҳдадор буд, марзи Русияро убур кунад, то дигарбора соҳиби иҷозаи кор гардад.
Масъулини Шӯрои федералӣ мегӯянд, тибқи созиши нав шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистон метавонанд дар қаламрави тарафайн то се сол бе убури марз иҷозаи кор дарёфт кунанд. Палатаи болоии парлумони Русия теъдоди тоҷикистониёнро дар қаламрави ин кишвар ҳудуди 1,3 миллион нафар арзёбӣ кардааст.