CA-NEWS: Мактуби Гулнора Каримова тақаллубӣ нест
Торнамои CA-News рӯзи гузашта (24 март) муроҷиати Гулнора Каримова, духтари калонии президенти Узбакистон Ислом Каримовро нашр кард. Ба иттилои манбаъ, ин мактуб ба суроғаи электронии онҳо ворид шуда ва дар он гуфта мешавад, ки ҳамроҳ бо духтари 15 солааш дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад.
“Бо духтарам дар хонаи худам маҳбусам. Дар аввал чанд рӯз ба мо ғизое надоданд, баъдан телевизорро ҳам бурданд. Ман зери фишори шадиди равониям. Маро заданд”,-гуфта мешавад дар ин мактуб. Дар охири нома навишта шуда, ки умед дорад, падараш ӯро раҳо мекунад, то бо фарзандонаш зиндагии роҳате дошта бошад.
Ба иттилои CA-News онҳо дар аввал ба тақаллубӣ набудани нома шубҳа доштанд, бовуҷуд тасмим гирифтанд, онро нашр созанд, зеро маълумоти муфассалеро аз зиндагии Гулнора қисса мекард.
Аммо торнамо имрӯз дар хабари дигаре гуфта, ки мактуби ирсолшударо худи Гулнора навиштааст, зеро “тавре маълум гардид, чунин як мактуб ба суроғаи дигар ВАО ҳам ирсол шудааст”. Аз ҷумла Бӣ-бӣ-сӣ навишта, ки ба суроғаи электронияшон мактуби дурударозе расидааст. Дар пайи муқоисаи шеваи навишт ва ҳусни хат метавон ба ин натиҷа расид, ки мактубро худи Гулнора Каримова навиштааст,-меафзояд манбаъ.