Соҳиби "Тоҷиказот" бо 125 миллион евро гаравпулӣ озод шуд
Дмитрий Фирташ, миллиардери украинӣ, ки аксари саҳмияҳои се корхонаи бузурги Тоҷикистон - “ТоҷикАзот”, "Гулистон" ва Абрешими Хуҷанд низ дар ихтиёри ӯст, бо пардохти 125 миллион евро гаравпулӣ аз боздошт дар Австрия (Утриш) озод шудааст. Ӯ дар авоили моҳи март ба ҷурми фасоди молӣ дастгир шуда буд.
Дмитрий Фирташ, ки тамоми дороии ӯ 3 миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад, солҳои 2000-ум дар бахши саноати кимиёии Тоҷикистон низ сармоягузорӣ кардааст. Ӯ соли 2002 бастаи идоравии саҳмияҳои корхонаи “ТоҷикАзот”-и Тоҷикистонро харидорӣ кардааст ва расман ин корхона ба холдинги OSTCHEM Group, ки чандин корхонаҳои кимиёвиро дар Украинаю Эстония низ дар ихтиёр дорад, ворид мешавад. “Тоҷиказот” феълан корхонаи муштараки Тоҷикистону Кипр арзёбӣ мешавад, чун аз номи OSTCHEM Group ин корхона аз минтақаи офшори Кипр идора мешудааст.
Дар пайи боздошти Фирташ хабари ифтитоҳи парванда алайҳи корхонаҳои “Тоҷиказот” ва “Гулистон”, ки аксари саҳмияҳояшон ба ӯ тааллуқ доранд, расонаӣ шуд. Ин хабарро дар сӯҳбат бо Озодагон Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов, тасдиқ карда гуфта буд, 5 дарсади саҳмияҳо дар “Тоҷиказот” ва “Гулистон” ба писари зерҳимояаш, Хайрулло Саидов тааллуқ доранд. Мақомоти тоҷик иддао доранд, ки Фирташ саҳмияҳоро дар корхонаҳои Тоҷикистон ғайриқонунӣ аз худ кардааст.
Табаров афзуд, ин парвандаҳо қабл аз боздошти Фирташ боз шуда буданд ва давоми мантиқӣ баъди зиндонӣ кардани Зайд Саидов мебошанд.