Пирӯзии се аспи Дости Бурут ва $250 000 барои “Эхолог”
Дар пойгаи аспҳо, ки рӯзи 22 март бахшида ба Иди Наврӯз дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон баргузор гардид, се аспи Достмурод Ҳакимов, маъруф ба Дости Бурут, соҳибкори шинохта дар Файзобод ҷойҳои аввал ва севуму чорумро соҳиб шудаанд.
Мақоми аввалро “Эхолог”, зоти аспҳои анлисии хоҷагии “Дошмандӣ” ба даст овардааст. Соҳибони “Эхолог” мегӯянд, дар пайи пирӯзияш дар Данғара соҳибкоре барои харидории он 250 ҳазор доллар нарх гузоштааст. Ин дар ҳолест, ки ба қавли онҳо, нишондоди “Эхолог” аз “Вангог”, ки соли 2012 ба қимати 1 миллион доллар дар Русия фурӯхта шуда буд, беҳтар аст.
Ҷойҳои севуму чорум дар пойгаи Данғара насиби аспҳои тоҷикии хоҷагии “Дошмандӣ”, мутааллиқ ба Дости Бурут шудааст. Сулаймон Шоев, мураббии аспҳои хоҷагии “Дошмандӣ” гуфт, “аспҳои англисӣ ҳамеша пешқадаманд ва бинобар ин дар пойгаи Данғара низ “Эхолог” мақоми аввалро касб кард”. Ӯ афзуд, “беҳтар аст, чунин пойгаҳо дар алоҳидагӣ барои ҳама зоти аспҳо баргузор гардад. Агар чунин мешуд, зоти аспҳои тоҷикии мо ҳатман дар ин пойга ҷои аввалро мегирифтанд.”