АКС: Президент дар Данғара беморхонаи 100 миллионӣ ба истифода дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 22-юми март барои такон додани корҳои созандагӣ ба ноҳияи Данғара рафта, беморхонаи нави ҷумҳуриявӣ ва мактабро ба истифода додааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки беморхонаи нави ҷумҳуриявӣ бо харҷи қариб 100 миллион сомонӣ аз соли 2006 инҷониб сохта шуда, метавонад дар як вақт ба 150 нафар эҳтиёҷманд хизмати тиббӣ расонад: “Дар ин муассиса имконияти хуби ташхису табобат ва гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ мавҷуд буда, ҳамзамон шароити хуби табобати гиёҳдармонӣ ва тавонбахшиву машқҳои варзишӣ низ муҳайё карда шудааст: “Дар беморхона дастгоҳҳои нави тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои тибби фосилавӣ низ васл гардидааст, ки тавассути он кормандон бо олимону мутахассисони соҳибтаҷриба аз дохил ва хориҷи кишвар ба таври мустақим машварат менамоянд. Дастгоҳу таҷҳизоти тиббии ин беморхона, ки навтарин дар ин соҳа мебошанд, аз Сименс ва Дрейгер барин ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ дастрас гардидаанд.”
Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки тамоми мутахассисони ин ва дигар муассисаҳои тиббӣ, ки бо чунин таҷҳизоти мураккаби муосир таъмин гардидаанд, ҳатман бозомӯзӣ кунанд: “Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки дар заминаи ин беморхона кафедраҳо барои таҳқиқу омӯзиши масъалаҳои тиб ва бозомӯзии кормандони соҳа таъсис намоянд.”
Баробари ин ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар деҳаи Ҳусейншайхи ҷамоати деҳоти Корез мактаби нави таҳсилоти умумиро ифтитоҳ кардааст, ки бо харҷи 17 миллион сомонӣ барои 1280 хонанда дар ду баст бунёд шудааст.