“Равшан” ва “Истиқлол” барои Абарҷоми Тоҷикистон рақобат мекунанд
25 март дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанбе барои соҳиб шудан ба Абарҷом (Суперҷом)-и Тоҷикистон оид ба футбол бо ҳам қувва меозмоянд.
Ин дидор соати 17:00 дар Варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе оғоз мешавад.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷараёни ин бозиро Йозеф Блаттер, раиси ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) ҳам назорат мекунад.
То имрӯз Абарҷоми Тоҷикистонро се маротиба “Истиқлол” ва як бор “Равшан” соҳиб шудааст.