Баҳрайн мегӯяд, аз ихвониҳо бадие надидааст, то онҳоро террорист эълон кунад
Шоҳигарии Баҳрайн мегӯяд, фаъолияти Ҳаракати исломии “Бародарони мусулмон” ё худ Ихвонулмуслиминро дар қаламрави худ манъ нахоҳад кард.
Холид ибн Аҳмад Оли Халифа, вазири умури хориҷии Баҳрайн зимни нишасти хабарие дар Исломобод – пойтахти Покистон дар ин бора ибрози назар кардааст. Ӯ мегӯяд, "мақомоти баҳрайнӣ то ҳол аз сӯи пайравони ҳаракати Бародарони мусулмон дар ин кишвар қонуншиканиеро мушоҳида накардаанд, ки фаъолияти онҳоро манъ кунанд."
Ин дар ҳолест, ки ибтидои моҳи равон Арабистони Саудӣ бо тартиб додани номгӯи ҳаракатҳои фаъолияташон мамнуъ дар ин кишвар, номи Ихвонулмуслиминро дар он ворид карданд. Вазири умури хориҷии Баҳрайн изҳор доштааст, ки кишвараш мавқеи Арабистони Саудиро нисбат ба ин ҳаракати исломӣ дарк мекунаду онро қабул дорад, вале маънои онро надорад, ки аз мақомоти Риёз пайравӣ мекунад: “Шояд ихвониҳо барои Арабистон таҳдиде дошта бошанд, аммо мо то ҳол аз пайравони ин ҳаракат чизи бадеро надидаем.”
Мақомоти саудӣ ахиран дар пайи тартиб додани руйхати нави ҳаракатҳои фаъолияташон дар ин кишвар мамнуъ, Ҳаракати “Бародарони мусулмон” ё худ Ихвонулмуслиминро расман созмони “террористӣ” эълон карданд.
Ҳаракати сиёсии “Бародарони мусулмон” яке аз бузургтарин ҳаракати исломии суннӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Он соли 1928 аз сӯи Ҳасан ал-Бано, донишманди мисрӣ дар шаҳри Исмоилияи Миср ташкил шудааст. Ин ҳаракат дар бештари кишварҳои арабнишин низ тарафдорону ҳаводорони худро дорад.
Фаъолияти “Бародарони мусулмон” дар Миср то сарнагунии ҳукумати диктотурии Ҳуснӣ Муборак дар соли 2011 мамнуъ хонда шуда буд. Вале баъд аз рафтани Муборак дубора ба фаъолияти ин гуруҳ иҷоза дода шуд ва дар натиҷа онҳо ҳизби сиёсии худро низ таҳти номи “Ҳизби адолат ва озодӣ” таъсис доданд. Дар интихоботи президентии Миср яке аз раҳбарони он Муҳаммад Мурсӣ ба рақибонаш пирӯз шуда, нахустин раисиҷумҳури мардумӣ дар таърихи ин кишвар эълон шуд. Аммо баъд аз инқилоби низомӣ Муҳаммад Мурсӣ барканор шуда, фаъолияти ин гуруҳи сиёсии исломӣ бори дигар дар қаламрави Миср манъ гардид.
Шоҳигарии Баҳрайн, яке аз кишварҳои Халиҷи Форс ба шумор рафта, пойтахти он шаҳри Манама мебошад ва забони давлатияш забон арабӣ аст.