Пешниҳод барои барҳам додани Кумитаи амният ва Додситонии кулл
Омурбек Абдурраҳмонов, вакили парлумони Қирғизистон пешниҳод кардааст, Кумитаи амнияти миллӣ ва Додситонии кулли кишвараш барҳам дода шаванд.
Ин намояндаи мардумии қирғиз рӯзи 20 март зимни як мизи мудаввар гуфтааст, “давоми 80 соли охир боре надидаам, ки Кумитаи амнияти Қирғизистон ба ҷуз занҳои руспӣ, ақаллан як ҷосусро боздошт карда бошад.”
Ӯ изҳор доштааст, “дар консепсияи мо навишта шуда, ки Кумитаи давлатии амният нахоҳад буд.Ин ниҳодро ба ду қисм ҷудо мекунем, ки ҳамагӣ танҳо аз 150 нафар иборат мебошад. Як қисматаш хадамоти ҷосусӣ ва дигараш зиддиҷосусӣ.”
Намояндаи мардумии қирғиз дар идома гуфтааст, бинои кумитаро бояд ба як хонаи озод табдил ва ба аҳзоби сиёсӣ ба иҷора дод: “Дар ошёнаи якуми бино аксҳои шаҳрвандони саркӯбшудаи Қирғизистон, аз ҷумла Абдурраҳмонов, Айтматов, Исмоил Исоқов ва Куловро овезон мекунем ва барои сайёҳон бисёр макони хуб хоҳад шуд.” Ӯ дар охир илова кардааст, ки додситонӣ низ бояд барҳам дода шавад.
Ин пешниҳоди намояндаи мардумии қирғиз дар ҳолест, ки ахиран дар пайи парокандашавии эътилофи аксарият дар парлумони Қирғизистон ҳукумати ин кишвар ба истеъфо рафта, ҳоло намояндагони ҳукумати нав таъйин нашудаанд.