Кумитаи амният: Мирзоев хеши собиқ мансабдори Додситонии кул аст
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия қасдан латукӯб шудани сарбоз Шаҳбоз Мирзоевро аз ҷониби фелдшер Усмоналӣ Ғайратов рад карда, таъкид намудааст, ки Мирзоев зимни гуштигирӣ осеб бардоштааст.
Кумитаи амният инчунин писари мансабдори Додситонии кул будани фелдшер Ғайратовро рад карда, таъкид намудааст, ки баръакс сарбози ҷабрдида Шаҳбоз Мирзоев, хеши наздики яке аз собиқ шахсони мансабдори Додситонии кулли Тоҷикистон мебошад.
Дар иттилоияи ин ниҳод омадааст, “пеш аз ҳодисаи осебгирии Мирзоев Шаҳбоз дар вақти гӯштингирӣ Ғайратов ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт. Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Мирзоев Ш. Н. ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муаян кардани ҳискунии пойҳои ў бо сўзан пай монда шудааст.”
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ меафзояд, ки сарбози осебдида айни ҳол дар беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи боло, бо тамоми лавозимоти тиббӣ таъмин буда, табобаташ таҳти назорати табибони Сарраёсати Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ қарор дорад: “Муолиҷаву табобат тавре қонун пешбинӣ кардааст, аз ҷониби Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ба таври ройгон таъмин карда мешаванд."
Бо вуҷуд ин ниҳод таъкид мекунад, ки “феълан нисбат ба Ғайратов Усмоналӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад ва ҳамаи шахсони сабабгор, ки беаҳамиятии онҳо боиси осебгирии сарбози қаторӣ Мирзоев гардидааст, ба ҷавобгарии интизомӣ, то дур кардан аз мансаби ишғолкардаашон кашида мешаванд.”
Шаҳбоз Мирзоев, сокини деҳаи Понғози ноҳияи Ашт баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафтааст, вале шаби 8 март аз ҷониби ҳамхидматонаш дар қисми ҳарбии нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ мавриди латту кӯб қарор гирифтааст бо ҷароҳати вазнин дар Қарияи боло бистарӣ шудааст.