Талоши Фарҳод Муъминов барои муттаҳид кардани русҳову тоҷикон
Фарҳод Муъминов, кӯҳнаварди тоҷик мегӯяд, ба мусобиқаи куҳнавардии “Марафон за 24”, ки дар куҳҳои Кавқози Русия баргузор шуда, яке аз душвортарин сабқатҳо ба шумор меравад, омодагӣ мебинад.
Муъминов рӯзи 20 март дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин мусобиқа рӯзи 22 март оғоз шуда, 24 сота идома хоҳад ёфт. Ба гуфтаи ӯ, иштирокдорони “Марафон за 24” бояд давоми ин соати муайян шуда, 100 километр куҳҳои Қавқозро бароянд: “Ин яке аз мусобиқаҳои душвор дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, чун дар мудати 24 соат бояд 100 километр қуллаи куҳро тай кунӣ.”
Фарҳод Муъминов дар баробари иштирок дар мусобиқаҳои гуногун ба хотири ҳамгироии миллати русу тоҷик гурӯҳеро низ ташкил бо номи “Русско-Таджикская группа” ташкил додааст: “Шомили гурӯҳи мо яке аз варзишгарони беҳтарини рус - Иля Бамбин мебошад. Мақсад аз ташкил кардани гурӯҳ ин муттаҳидии русҳо бо тоҷикон мебошад.”
Фарҳод Муъминов то ин дам ду маротиба дар мусобиқаҳои куҳнавардӣ иштирок карда соҳиби медали биринҷӣ низ гаштааст.